Home / Literature / Фирдавси Аъзам : Бигу оё зимистон метавонад

Фирдавси Аъзам : Бигу оё зимистон метавонад

Firdavsi Azam-2

?Бигу оё зимистон метавонад

**

Худовандо!
?Магар кофи набуд сардии дилхо
Ки боз омад зимистон, бар диёре,ки муддатхост ишку мехрубони мунчамид гашта
Хамончое ки дилхо аз набуди ишк ях кардаст
Дуруст чун асри Яхбандон, ки инчо,
Нигохи отифи аз дидахои одамон сард аст
Ва дасти мехрубонихоямон афсус моро тард кардаст
Чи фарке мекунад ин Дай
Ки ояд —ва бо дастони поку лек сардаш
Ва гарди шохахои пучу урёнгаштаро рубад
Замину осмонро бо либоси тоза пушонад
Вале оё зимистон , метавонад зи аъмоки дили садхо мухочир,
ки муддатхост дур аз хоки Механ, чудо гардида аз огуши гарми хонавода —
шуда махруми руи хуби дилбанд
?Губори гуссахои ин чудоиро зудояд
?Ва дилхоро ба суи осмони равшану оби кушояд
?Бигу, оё Зимистон метавонад
Ба ин дастони сарду поку испедаш
?Сиёхии тани дунёи чиркинро бишуяд
На, набитвонад!
Набитвонад кунад коре..
Набитвонад дихад дастони ёри
Зимистонро чи гуям, харчи гуям, тинаташ сард аст
Ва гушаш кар
Ва парво хам нахохад кард ки дасти сардияш бо мо чи кардаст

Фирдавси Аъзам

About Mohammad Daeizadeh

  • تمامی فایل ها قبل از قرار گیری در سایت تست شده اند.لطفا در صورت بروز هرگونه مشکل از طریق نظرات مارا مطلع سازید.
  • پسورد تمامی فایل های موجود در سایت www.parsseh.com می باشد.(تمامی حروف را می بایست کوچک وارد کنید)
  • Password = www.parsseh.com

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*